Машғулияти идоравӣ вобаста ба тафсири Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид

image_pdfimage_print

Санаи 17 июли соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов машғулияти идоравӣ оид ба дар амал татбиқ намудани Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, №591 тасдиқ карда шудааст, баргузор гардид.
Дар машғулияти идоравӣ муовини Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад ва намоянадагони шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қадриддин Сулаймонӣ ва Амир Сафарзода иштирок карданд.
Ҳамчунин дар машғулияти идоравӣ кормандони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.Нахуст, намояндаи шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қадриддин Сулаймонӣ оид ба қоидаҳои Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд ва инчунин, қайд гардид, ки ин санад ифодагари таҳкими арзишҳои ахлоқии эътирофшудаи инсон дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ фаҳмонида шуд, ки Кодекси одоби хизматчии давлатӣ маҷмуи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматчиёни давлатиро муайян мекунад. Ин Кодекс муносибати дурусти хизматчии давлатиро дар кору ҷамъият ба танзим медарорад ва нишондиҳандаи сатҳи одобу ахлоқ ва масъулияти баланди иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ уҳдадор аст, ки одоби касбии худро риоя намуда, муқаррароти Кодексро бечунучаро иҷро намояд. Хизматчии давлатӣ бояд вазифаҳои худро бо масъулияти баланд, содиқона ва барои манфиати давлату миллат ба иҷро расонад.
Дар қисмати идомаи вохӯрӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоб баргузор гардид.
Дар ин бахш иштирокчиён ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва ҳолатҳои мушаххаси риояи одоби хизматии давлатӣ равшанӣ андохтанд ва ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
Дар фарҷоми хониши идоравӣ муовини Раиси ноҳия Зумрад Муталибзода муҳим будани риояи одоби хизматии давлатӣ ва талаботи ахлоқии муосирро таъкид кард.
Ӯ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Хизматчиёни давлатӣ бояд шахсони ватандӯст, созанда ва ҷонфидои давлату миллат бошанд ва дар таҳкими муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Мавриди зикр аст, ки ин хониши идоравӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати хизматчиёни давлатӣ ва таъмини масъулияти бештари онҳо дар фаъолияти касбӣ мусоидат намуд.
Инчунин, аҳамияти риояи одоби хизматчии давлатӣ ҳамчун омили калидӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеа зикр карда шуд.