МЕДАЛИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА» МУБОРАК, МУҲТАРАМ, РОҲБАРУ РОҲНАМОИ ҶАВОНОНИ НОҲИЯ, ИФТИХОРУ ИДЕАЛИ КУЛЛИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ! – Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд

image_pdfimage_print

Раванди идоракунии давлатӣ ва рушди хизмати давлатӣ, ки қисмати таркибии сиёсати давлатии кадрҳо маҳсуб меёбанд, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Боиси сарфарозист, ки имрӯз дар қатори дигар намояндагони касбу кори гуногун яке аз ҷавонони ташаббускор, созанда ва роҳбари ғамхор, оқилу пурмасъулият, пайрави асили Пешвои миллат Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.

Воқеан, ҳам хизматҳои шоёни Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек дар рушду пешрафт ва ободии ноҳия назаррас буда, дар фаъолияти корӣ ҳамчун роҳбари ғамхор ва раиси мардумӣ барои сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов хизмати софдилона доранд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидани роҳбари ҷавон аз ташаббусҳои пайваста баҳри ободии ноҳия маҳсуб меёбад.

Мо хизматчиёни давлатӣ ва кулли сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов барои қадршиносӣ ва дастгирии кормандони касбу кори гуногун ва сазовор донистан ба ҷоизаву унвонҳои фахрӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ менамоем.

Дар ин ҷода ба Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек барои сарфароз гардиданашон бо Медали «Хизмати шоиста» муборакбод гуфта, ба муҳтарам Раис пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, умри дарозӣ бо баракат, хотири осуда, шодиву нишоти аз ин ҳам бештар, давлати поянда, обруву нуфузи ҷовидонаро орзу намуда, хоҳони он ҳастем, ки парчами ҷавонмардӣ ҳамеша сари дастонашон парафшон бошад!

Бо эҳтиром изҳор медорем, ки шахсият ва заҳмату фидокориҳои Шумо муҳтарам Раис баҳри ободонии ноҳияамон намунаи ибрати дигарон аст, зеро талошу хизматҳои шабонарӯзиатон баҳри таъмини сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, ки ин омил барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ мусоидат менамояд.Роҳбариву раҳнамоии Шумо омил гашт, ки мо аҳли ноҳияи Ҷаббор Расулов дар кишвари маҳбубамон ба натиҷаҳои назаррас бирасем ва шоҳиди он ҳастем, ки дар ноҳия ҳаррӯз аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари Олии кишвар ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии роҳбарият ва мардуми заҳматдӯсти ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад .

Арзи сипоси беканори худро бо истифода аз фурсати муносиб иброз медорем.Маҳз бо роҳбарии Шумо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ноҳия амалӣ гардида истодааст, ки дар ин замина аз номи тамоми сокинони ноҳия ба Шумо муҳтарам Раис ваъда медиҳем, ки минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Шумо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем бурд.

Бо эҳтирому эътиқод ва ихлоси бепоён боз як бори дигар муҳтарам Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек Шуморо бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардиданатон аз номи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва кулли сокинону ҷавонону ноҳия самимона шодбош гуфта, дар радифи аввал ба Шумо саломативу сарбаландӣ, хушиқболиву пирӯзӣ, дарозумрӣ, маҷмӯи хушиҳои олам, муваффақияту комёбиҳои беш аз пеш ва фатҳи қуллаҳои баланди хизмати давлатиро таманно дорем!

Заҳматҳои Шумо баҳри рушди ноҳияи Ҷаббор Расулов ва кӯшишҳои бевоситаи Шумо, ки ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, барои мо хеле арзишманданд.

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК МУҲТАРАМ РАИС!

КОМЁБИҲОИ БЕНАЗИР ҲАМЕША НАСИБАТОН ГАРДАД!

Бо сад хушнудиву шукргузорӣ ва самимияти афзун – кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов