Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳия муҳтарам Олимбек Юлдошзода аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар мулоқоту вохӯриҳо бори дигар ба саҳми сокинон расонида шуд, ки маҳз имрӯз таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон фазои сулҳу дӯстӣ ҳукмфармо буда, Тоҷикистони азизамон рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст.
Ҳифз кардани неъматҳои бебаҳо- Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.Ҳамчунин, масъалаҳои пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, майли шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, насби камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳар як кӯчаву деҳаҳо ва ташкили корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал мавриди барррасӣ қарор гирифт.
Ҳар як вакил дар мулоқоти худ бо сокинон изҳор намуданд, ки мақсади вохӯриҳои имрӯза ин тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ , баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, инчунин садоқат ба халқу Ватан ва сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Инчунин, зикр гардид, ки ҳар яки мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем.
Корҳоро ба хотирии ободии Ватани маҳбубамон тавре ташкил намоем,ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.
Дар фарҷоми мулоқоту вохӯриҳо доир гардида аз ҷониби вакилон ба саволу дархостҳои интихобкунандагон посухҳои мушаххас дода шуд .











