Боиси ифтихор аст, ки футбол дар кишвар яке аз намудҳои маъмули варзиш ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми беназири Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сол аз сол рушд карда истодааст.
Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳамзамон Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар рушди футбол дар кишвар саҳми назаррас гузоштааст ва ҷонибдори фаъоли таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои нав буд, ки ба баланд бардоштани сатҳи футбол дар Тоҷикистон, инчунин ҷалби таваҷҷуҳ ба ин намуди варзиш ҳамчун воситаи ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди ҷавонон равона карда шудааст.
Бо чунин ҳадаф, дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ” – и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия, Раиси Федератсияи футболи ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек мусобиқаи футбол – даври сеюми Лигаи дуюми футболи минтақаи Суғд байни дастаҳои “Меҳробод” ва “Ғӯлакандоз” – и ноҳия баргузор гардид.
Марҳилаи мусобиқаи варзишии футбол байни дастаҳои “Меҳробод” ва “Ғӯлакандоз” – и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷолибу диданӣ сурат гирифта, дар натиҷа дастаи “Меҳробод”-и ноҳия пешсафии худро дар ҷадвали мусобиқа устувортар нигоҳ дошта, соҳиби ғолибият гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати рушди футбол ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солимро байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ маҳсуб медонад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ баҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.






