Санаи 14 июли соли 2021 дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма, намояндагони рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Ҳақиқати Суғд”, “Суғд ҳақиқати”, “Согдийская правда”, “Набзи рӯз”, “Набзи диёр”, “Маорифи Суғд”, “Саломат бошед”, “Шулаи умед”, “Дайҷест Пресс”, ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”, “Азия плюс” ва “Замон”, телевизионҳои “Суғд”, “СМ-1” ва «Ғӯлакандоз», радиои маҳаллӣ, рӯзномаҳои маҳаллии «Иқбол», «Омӯзгор ва хонанда» ва дигарон иштирок намуданд.Ба сифати намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят иштирок намуд.Нишасти матбуотӣ бо тариқи саволу ҷавоб ва ҳамчун суҳбати озод доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 маълумоти пурра омода гардида, дар шакли китобча ба намояндагони васоити ахбори омма дастрас гардид.Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма додашуда ҷавобҳои мушаххас аз тарафи раиси ноҳия дода шуд. Нишасти матбуотӣ дар руҳияи баланди сиёсӣ, фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафовут доир гардид.






