Бо камоли эҳтирому самимият кулли родмардони далеру шуҷоъ, сарсупурдагони роҳи адолату ҳақиқат, таъминкунандагони суботу оромии кишвар ва собиқадорону кормандони милитсияи тоҷикро ба ин санаи фархунда шодбош менамоям.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан, дар заминаи сиёсати ватанпарварона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар аркони муҳими давлатӣ пояи милитсияи тоҷик низ мустаҳкам гардида, ин сохтор ба яке аз нерӯҳои пойдор ва нерӯманди таъмини суботу амнияти ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари азизамон табдил ёфтааст.Милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.
Дар воқеъ, кормандони милитсия дар ҳама муборизаҳо, махсусан дар раванди барпо намудани сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини истиқрори сулҳу озодӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштаанд. Давлату миллат хизматҳои шоиста ва шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомоти милитсияро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Зеро, кормандони милитсия беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ин касби пурифтихор намуда, бо садоқатмандӣ ба савганди хеш, дар роҳи таъмини суботу оромӣ ва истиқлолу озодӣ шарафмандона ҷонбозиҳо намуда, шарофату иззат ва якпорчагии ватани маҳбубро ҳифз намудаанд.Бо боварӣ ва эътимод метавон гуфт, ки имрӯз милитсияи мамлакат дар роҳи пешгирӣ аз ҳама гуна ҷурму ҷиноят ва амалҳои тахрибкоронаи бадхоҳон ва душманони миллат пешгирӣ намуда ба ҳайси як қудрати муттаҳиду тавоно барои ҳифзи сулҳу субот ва нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва эътимоди халқ қодир аст.
Бори дигар иди касбӣ муборак, ҳомиёни назму тартибот!
Бо эҳтиром Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек

