Табибони соҳибкасб ва собиқадорони соҳаи тиб!Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола санаи 18 – уми август дар Тоҷикистон “Рӯзи кормандони соҳаи тиб” таҷлил мегардад.
Дар ин айёми басо фараҳбахшу гуворо ҳамаи Шумо ва дар симоятон кулли кормандони соҳаи тандурустиро ба ифтихори иди касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҳният намуда, бароятон рӯзгори хушу хуррам, саодати зиндагӣ, меҳру муҳаббати инсондӯстона ва ба кулли сокинони кишвари маҳбубамон саломатии бардавомро таманно дорам.
Соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои муҳим бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа намуда, рушди бомароми соҳа бо бунёди биноҳои замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир сол то сол таъмин карда мешавад.
Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино робитаи қавӣ дорад.
Дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошт ва хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тӯли қарнҳо аҷдодони донишманди мо, ба мисли Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.
Боварии комил дорам, ки ҳар яки Шумо низ кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ барои ҳарчӣ беҳтар гардидани сиҳатмандии сокинону меҳмонони ноҳия саҳми арзандаи худро хоҳед гузошт.|
Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қабул ва амалӣ шудани Барномаҳои давлатӣ, Стратегия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳдошти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Тавре, Пешвои миллат дар Паёми ҳарсолаашон зикр менамоянд:“Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мақому манзалати табибон дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад.Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як адад беморхонаи марказӣ ва се адад беморхонаи минтақавӣ фаъолият мебаранд.
Инчунин, як маркази саломатии ноҳиявӣ, 15 адад марказҳои саломатии деҳот, 17 бунгоҳҳои тиббӣ ва се марказҳои махсусгардонидашуда ба мардум хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Дар муассисаҳои мазкур 12 адад нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ фаъолият доранд.
Дар ноҳия шумораи табибони ҳамаи ихтисосҳо 191 нафар буда, аз рӯи категория 97 нафар, 54 нафар дорои категорияи олӣ, 31 нафар дорои категорияи якум ва 12 нафар дорои категорияи дуюм мебошад.
Айни замон шумораи кормандони миёнаи тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ 855 нафарро ташкил медиҳад.

