ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз, Сокинони сарбаланд ва меҳмонони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов!

Бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик менамоям.

Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ барои мо на танҳо рамзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, балки омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад.

Ин санаи муҳим, ки мо ба он маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидем.Маҳз ба ҳамин хотир, Рӯзи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо дар паёмҳои хеш борҳо таъкид кардаанд, ки:

«Ваҳдати миллӣ ва сулҳи саросарӣ барои мо арзиши муқаддас буда, онро ҳамчун гавҳараки чашм бояд ҳифз ва мустаҳкам намоем, зеро ваҳдат омили асосии рушди давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлол ва саодати мардум аст».

Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки марҳилаи нави рушди Тоҷикистон ба шарофати ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ бо маром идома дошта, самараи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа эҳсос мешавад.

Ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки яке аз калонтарин минтақаҳои кишварамон маҳсуб меёбад, маҳз дар фазои сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати комили миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.Агар ба саҳифаҳои таърихи кишвари худ назар афканем, мебинем, ки солҳои 90-уми асри гузашта барои миллати мо яке аз сангинтарин марҳилаҳо ба шумор мерафт. Дар давлати навбунёд сохторҳои номукаммал, оқибатҳои ногувори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, парокандагии ҷомеа, афзоиши гурезагон ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ, вазъи зиндагии мардумро дар ҳолати бисёр вазнин қарор дода буд.

Маҳз дар ҳамин шароити душвор фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, рӯҳи ватандӯстона ва масъулияти таърихӣ ба саҳнаи сиёсат омада, нахустин суханони умедбахши худро чунин ироа намуданд:

«Ман ба шумо сулҳ меорам!»Ин суханон на танҳо шиор, балки рисолати таърихие буданд, ки ба сӯйи таҳкими ҷомеаи ягона ва давлатдории муосир роҳи устуворро бунёд намуд. Имрӯз мо мебинем, ки он сулҳи деринтизори миллӣ ба як воқеияти устувори сиёсиву иҷтимоӣ табдил ёфта, аҳли ҷомеа бо дили пок, нияти нек, саъю талоши муштарак баҳри пешрафт ва амалӣ намудани чор ҳадафҳои стратегии кишвар саҳм мегузорем.

Ҳамватанони азиз!

Дар ҷаҳони муосир, ки имрӯз вазъияти сиёсиву геополитикӣ ниҳоят мураккаб гардидааст. Дар чунин шароит ҳифзи ваҳдат, субот ва оромии кишвар на танҳо вазифа, балки қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд аст. Маҳз бо дарназардошти ин нуқта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд:

«Мо бояд ба қадри истиқлол, ваҳдат ва суботи ҷомеа бирасем, онро ҳифз кунем, барои таҳкими минбаъдаи он содиқона заҳмат кашем ва насли наврасу ҷавонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем».

Ба ҳамин хотир, имрӯз Ваҳдати миллӣ мояи пойдории Истиқлоли давлатӣ, рушду тараққиёти давлат, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ояндаи босаодати наслҳои оянда гардидааст.

Сохтмон ва таҷдиди роҳу пулҳо, корҳои мумфаршкунӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, корхонаҳои саноатӣ, рушди деҳот, дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳбудии шароити зиндагии мардум самараи ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Имрӯз мо дар ноҳия лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро дар амал татбиқ менамоем, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори минтақа мебошад. Дар ин ҳама пешравиҳо нақши сулҳу ваҳдати миллӣ ҳалкунанда аст. Зеро бе суботу ваҳдат ва ҳамдилӣ наметавон созандагиву пешрафтро амалӣ кард.Дар ин замина вазифаи асосии ҳар як сокини ноҳия, бахусус фаъолони ноҳия, хизматчиёни давлатӣ барои таҳкими сулҳу субот, таъмини фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ бояд назаррас бошанд. Махсусан, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва пос доштани арзишҳои сулҳу ваҳдат бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу бономус бошад.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Имрӯз, мо дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба хубӣ дарк мекунем, ки агар ваҳдати миллӣ намебуд, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, пешрафти саноату кишоварзӣ, таъмини амнияту субот, рушди фарҳанг ва илму маориф, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ низ номумкин буд.Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ваҳдатро ҳамчун арзиши муқаддасу бебаҳо, ҳамчун ҷовидонтарин рамзи давлатдорӣ ва мояи зиндагии осоишта ҳифз намоем.

Мо бояд дар атрофи Президенти кишварамон, Пешвои миллат, ки ҳамчун рамзи ваҳдат ва кафили сулҳу субот мебошанд, беш аз пеш устувору муттаҳид бошем ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми устувор гузорем.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад!

Бо эҳтироми самимӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек