Варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони варзиш ва парчамбардорон!
Ҳамчун анъана, дар саросари кишвар санаи 10 ‐ август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад ва дар соли ҷашнвораи бузургӣ таърихӣ – сазовор истиқбол намудани ҷашни ҳумоюнии миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то таҷлили он рӯзҳои башумор мондааст, ин санаи фархундаро ба ҳамаи Шумо – собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиёну варзишгарон, дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва ихлосмандони варзиш муборакбод намуда, барору комёбӣ, фирӯзиву сарбаландӣ ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно менамоям.
Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд:“Варзиш омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо мебошад”.
Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сол то сол рушд намудани соҳаи варзиш дар кишвари соҳибистиқлоли мо, баёнгари он аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ ва таҳким бахшидан ба арзишҳои ваҳдату истиқлолият, ба насли ҷавони солиму тавоно эътимоди беандозаи зиёд доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд:“Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
”Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, имрӯзҳо тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида истодааст.Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба воя расонидани варзишгарони тавоно пайваста чораандешӣ мекунад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва насли ояндасози миллат ба ҳисоб рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи хоса қарор дорад.
Шумораи умумии варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов 2747 нафар мебошад. Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия варзишгарон аз рӯи 14 намуди варзиш (аз ҷумла гӯштингирӣ, футбол, баскетбол, гӯштини тарзи озод, кикбоксинг вако, шашка ва шоҳмот, бокс, тӯби дастӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштини дзюдо, волейбол, варзиши сабук, гӯштини камарбандӣ, тениси рӯйи мизӣ) машқу тамрин мекунанд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ҳудуди ноҳия 91 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 29 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 55 майдончаи варзишӣ ва 5 мактаби варзишӣ фаъолият намуда истодааст.Ҳамзамон, дар ноҳия Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини коҳи варзишии Ланглиф” фаъолият намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш, тайёр намудани варзишгарони болаёқат, 17 нафар мураббиён ва 540 нафар варзишгарон фаъолият карда истодаанд.
Дар давраи нимсолаи аввали соли 2026 варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори ноҳияро баланд бардошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Бо ба забон овардани номи варзишгарони ноҳия ба монанди Усто Устопиров, Комроншоҳ Устопириён, Фаридун Одилов, Ҳамроз Раҷабов, Меҳрзод Суфиев, Фирдавс Раззоқов, Некбахтзода Некрӯзшоҳ, Сайфиддинзода Сайфиддин, Содиқова Дилафрӯз, Мирраҳимова Фирӯза ва чанде дигарон аз намудҳои варзиш боиси ифтихори мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд.
Дар ноҳия дастаҳои футболи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот амал карда, мунтазам дар бозиҳои ноҳиявӣ байни дастаҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия ва лигаи ноҳиявӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дастаҳои футболи ноҳия касбу малакаи худро боз ҳам равнақ дода, дар мусобиқаҳои минбаъда ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор хоҳанд гашт.Ман боварии комил дорам, ки варзишгарони ноҳия минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Бо чунин ниятҳои нек, дар ҷодаи пешрафти фаъолияту зиндагӣ ба ҳар як варзишгарони ноҳия саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муборак!
Бо эҳтироми самимӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек


