ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА МУНОСИБАТИ 32 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

image_pdfimage_print

Сарҳадбонони гиромӣ! Рафиқону афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!

Бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст, ҳар кадоми Шуморо ба ифтихори 32 – солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.Ҳанӯз дар оғози истиқлоли давлатӣ яке аз омилҳои асосии саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон халалдор гардидани хатти сарҳади давлатӣ буд. Дар он айёми ноором мо ҳанӯз нерӯҳои марзбонӣ ва ҳатто як нафар мутахассиси баландпоя надоштем. Бо истифода аз чунин вазъ, бадхоҳони миллату давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвари мо яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гуруҳҳои ҷинояткор Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун нерӯи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд:

«Афсарону сарбозони шуҷои кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

Бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарон низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд.

Бори дигар ҳамаи Шумо – марзбонони далеру шуҷои кишвар ва муҳофизони марзу бум ва хоки муқаддаси Ватани азизамонро ба ифтихори 32 – солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафатон – ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва амнияти сокинони ноҳия барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!

Бо эҳтироми самимӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек