ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

image_pdfimage_print

Ҳамватанони азиз, Сокинони сарбаланд ва меҳмонони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов!

Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин маросимҳои суннатии мусулмонон буда, барои маромҳои инсондӯстиву мурувват, худогоҳию худшиносӣ ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст. Ба ин муносибат Шумо меҳмонон ва кулли сокинони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба муносибати фарорасии иди Қурбон табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори нек таманно дорам.

Имрӯз ҳар кадоми мо шукрона аз он мекунем, ки таҳти сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити тинҷиву оромӣ ва амнияту суботи комил зиндагӣ карда истодаем.Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаризаҳои Иди саиди Қурбон таъкид кардаанд:

«Ҳикмати аслии Иди Қурбон аз он иборат аст, ки мусулмонон дар замири худ бо роҳи ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб ба Худои таоло наздикӣ меҷӯянд ва ба ризоияти ӯ умед мебанданд. Ҳамчунин, ҳангоми баргузории ид ва оростани дастурхони маънавӣ ва камхарҷи идона мо бояд аҳкоми шариатро дар хусуси зиёни исрофкорӣ риоя кунем ва фармудаи Қуръони каримро, ки исрофкоронро бародарони шайтон шуморидааст, аз ёд набарорем».

Дар тӯли асрҳои зиёд арзишҳои инсонпарварӣ, аз қабили хайру эҳсон, дастгирии ятимону маъюбон, беморону ранҷурон аз ҷумлаи фазилатҳои Иди саиди Қурбон ба шумор мераванд. Мардуми мо шукргузоранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар анҷуманҳои байналмилалӣ аз исломи поку ноб пуштибонӣ намуда, ба оламиён паём медиҳанд, ки дини мубини ислом ҳамеша тарғибгари некиву хирадмандӣ, хайру саховат, дастгирии якдигар, дасти навозиш гузоштан ба сари ятимону барҷомондагон мебошад.Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат бамаврид қайд кардаанд:

«Ин ид, тавре ки аз ном ва таърихи пайдоиши он бармеояд, суннати адои намози ид, инчунин, қурбонӣ кардану ба ҷо овардани фаризаҳои ҳаҷ танҳо барои онҳое, ки қудрату тавоноии моддӣ, яъне дасти дароз доранд ва соҳиби рӯзгори серу пур мебошанд, ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, фақат онҳое метавонанд ба ҳаҷ раванд ё қурбонӣ кунанд, ки дар зиндагии худ ҳеҷ мушкилӣ надоранд, аҳли хонадон ва фарзандонашон аз ҳар лиҳоз таъмин мебошанд».

Ҳар нафари мо бояд сари ин масъала андеша кунем ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ба мардум сабукӣ овардан ҷавҳари дини мубини ислом мебошад. Вобаста ба ин, бобати қурбонӣ кардан дар рӯзи ид ҳар кас бояд имкониятҳои худро ба назар гирифта, ба тақлид ва исрофкорӣ роҳ надиҳад ва дастурхони хоксоронаи маънавӣ ороста намояд. Албатта, Иди Саиди Қурбон бисёр унсурҳои неки инсондӯстона дорад, ки шахси мусалмон бо анҷом додани онҳо метавонад соҳиби аҷру савоби зиёд гардад.

Дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси Иди Қурбон мебошад. Яъне, ҳар шахси хайрхоҳе, ки имконияти мусоиди молиявӣ дорад, ба ятимону маъюбон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз мекунад.

Боиси қаноатмандист, ки дар кишвари мо дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Фарҳанги исломӣ беҳтарин арзишҳои маънавии ҳаётӣ, аз қабили омӯзиши илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, заҳматдӯстӣ, рафоқату дӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Итминони комил дорам, ки сокинони баору номуси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бо меҳнати суботкорона баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлату Ҳукумати кишвар ин ташаббусҳои беназирро ба даст мегиранд ва бо анҷоми корҳои бунёдкорию созандагӣ дар таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи Шуморо бори дигар бо фарорасии Иди Қурбон шодбош гуфта, бароятон некрӯзию хонаободӣ ва барои кишвари биҳиштосоямон сулҳу оромӣ, пешрафт ва шукуфоиро орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак бошад!

Бо камоли эҳтиром Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек