Пахта бойигарии асосии кишвар маҳсуб шуда, солҳои охир ҷиҳати афзун намудани истеҳсолоти он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иқтисоди он хусусияти аграрӣ дорад, пахтакорӣ на танҳо ҷузъи муҳими истеҳсолот, балки пояи амнияти иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
Пахта ҳамчун «тиллои сафед» рамзи заҳмати поки деҳқон ва нишонаи бойигарии миллӣ маҳсуб меёбад.
Бо чунин ҳадаф, санаи 9 октябри соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маросими ҷамъбасти мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ баргузор гардид. Боиси ифтихору сарфарозист, ки НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ дар ҷамъбасти 20 рӯзи аввали маъракаи пахтачинӣ дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ҶОЙИ АВВАЛРО ишғол намуд.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 11 ҳазору 330 тонна нақшаи истеҳсолӣ то ин давра 5412 тонна пахта ҷамъоварӣ карда, иҷрои нақша 47,8 фоизро ташкил дод. Дар идомаи ҷамъбаст Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек суханронӣ намуда, зикр карданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Боиси қайд аст, ки кишоварзони ноҳия имсол бо истифодаи самараноки техникаи кишоварзӣ, таъмини оби полезӣ ва тухмиҳои серҳосилу хушсифати пахта, инчунин бо риояи талаботи агротехникӣ, барои ба даст овардани ҳосили баланд заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кишоварзони заҳматкаши ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри таъмини пурраи дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳия ва саҳми арзанда гузоштан дар иҷрои дурнамои вилоят тамоми имконияту неруи худро сафарбар менамояд. -иброз намуданд Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек.
Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода барои ғолибият ба Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек вимпел, туҳфаи хотиравӣ ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.Ин дастоварди арзанда самараи заҳмати софдилонаи роҳбарияти ноҳия, масъулини соҳаи кишоварзӣ, ҳашарчиёни ташкилоту муассисаҳои ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пахтакорони меҳнатқарину заҳматкаш мебошад, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба меҳнати созанда дар роҳи таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар ин замина, натиҷаҳои бадастомадаи пахтакорони ноҳия далели равшани татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати содиқонаи кишоварзон мебошанд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия сокинони ватандӯсти ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек дар оянда низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ба хотири пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва дар таъмини иҷрои нақшаи чиниши пахта фаъолона иштирок менамоянд.
Бигзор заҳмати пуршарафи кишоварзони ноҳия ҳамеша самараи фаровон оварад ва ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва ободонии Ватани азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол — пешсаф бошад!


