Қирғизистон яке аз давлатҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон буда, бо ҷумҳурии мо равобити деринаи таърихӣ дорад.
Ёдовар мегардем, ки санаи 13 марти соли 2025 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифта буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гарму самимӣ истиқбол гирифт. Дар ҷараёни сафар гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардиданд ва аз рӯйи натиҷаҳои он 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Хушбахтона, дар оғози фасли зебои баҳорин ин сана дар таърихи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон саҳифаи наверо бо умеди ҷовидон будани пайванди дӯстӣ боз кард ва дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавиро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот медонад. Аз тарафи дигар, ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон аз самтҳои муҳим арзёбӣ гардидааст.
Дар баробари рушди ҳамкориҳои дуҷониба, муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қолаби бисёрҷониба низ инкишоф меёбанд. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар даврони соҳибистиқлолӣ саъю кӯшишро бар он равона месозанд, ки робитаҳои мутақобилан судманди онҳо дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ рушди бештар намуда, фазои боэътимод байни мардуми ду кишвари ба ҳам дӯст ҳамеша пойдор бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судмандро бо кишварҳои хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як давлати фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофи васеъ пайдо кардаанд ва асосан ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор нигаронида шудаанд. Ин ташаббусҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, барои ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми муҳим гузоштаанд.
Дар ин замина, санаи 21 майи соли 2026 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лайлак муовини Раиси ноҳия Муталибзода Зумрад бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар ноҳия як гуруҳ фаъолони ноҳияи Лайлакро пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон аз рафти фаъолияти кӯдакистони №6-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов , инчунин аз дастовардҳои муассисаи мазкур дидан намуданд.
Барои мо, халқи Тоҷикистон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки баъзе нофаҳмиҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки як баҳси деринаи марзӣ буд ва давра ба давра ба даргириҳои мусаллаҳона табдил меёфт, бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат ва ҳамдигарфаҳмӣ бо роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври куллӣ ҳалли худро ёфт.





