Бо мақсади дар сатҳи олӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли 2024 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек роҳпаймоӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 10 ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун, ҳайати бисёрнафараи сохторҳои мақомоти иҷроия, кормандони соҳаи маориф, тиб, фаъолон, ҷавонону варзишгарон ва омӯзгорону хонандагони ноҳия ширкат варзиданд.
Роҳпаймоӣ аз назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 шаҳраки Меҳробод ва аз тарафи даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо шиору навиштаҷоти пурмазмун иборат аз ифтихори ватандорӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини амният, сарҷамъ сохтани миллат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандгари дирузу имрӯз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар ба шумор меравад.
Пас аз баргузории роҳпаймоӣ дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чорабинии сиёсӣ ва фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.










