Санаи 23 ноябри соли 2024 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд директори Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии вилояти Суғд муҳтарам Баҳриддинхӯҷа Нозимӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ, кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорон, ҷавонон, хонандагон ва дигарон ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек зимни суханронӣ ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ таҳният гуфта, изҳор доштанд, ки имрӯз кулли сокинони шарафманди Тоҷикистони биҳиштосо бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар як санаи муҳими таърихӣ 32-юмин солгарди қабули Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.
Парчам дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста шудааст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Парчами миллӣ – яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Баҳриддинхӯҷа Нозимӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни чорабинӣ расонида, зимни баромад чунин қайд намуд, ки ин сана барои мардуми Тоҷикистон хеле муҳим буда, мардуми сарбаланди вилояти Суғд зери Парчами давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, ки поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлатдории навин мебошанд, беш аз пеш, бо сидқу вафо дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фардосозашон ҳамеша ҳамдасту ҳиссагузор хоҳанд буд.
Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони соҳаи фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.














