ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ГИМНАЗИЯИ №1-И ҶАМОАТИ ҒӮЛАКАНДОЗИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 ноябри соли 2024 дар гимназияи № 1-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Майдончаи варзишӣ барои бозии футбол пешбинӣ шуда, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватанӣ бунёд гардид. Ҳангоми ба истифода додани майдончаи варзишӣ ҷавонон ва варзишгарони мактаб гимназия имкон пайдо намуданд, ки бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.

Раиси ноҳия дар суҳбат бо варзишгарон миннатдории худро ба ташаббускорон баён карда, таъкид намуд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар оид ба рушди соҳаи варзиш дар самти сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Сипас, бо чанде аз футболбозони ҷавон мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои варзишӣ тақдим карда шуд.Ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад, аз ин рӯ, шумо ҷавонон бо истифода аз шароити имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шавед ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоед.

Ифтитоҳи чунин майдончаи замонавии варзишӣ шавқу ҳаваси наврасону ҷавонони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар менамояд бинобар ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони чунин майдончаҳои варзиширо дар тамоми муассисаҳои таълими ба нақша гирифта, то 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад.

Возможно, это изображение 10 человек
Возможно, это изображение 9 человек, люди играют в футбол, люди играют в футбол, трава и текст
Возможно, это изображение 5 человек, люди играют в футбол, люди играют в футбол и текст
Возможно, это изображение 5 человек, люди играют в футбол, люди играют в футбол, трава и текст
Возможно, это изображение 7 человек и текст
Возможно, это изображение 8 человек, люди играют в футбол, люди играют в футбол и текст
Возможно, это изображение 6 человек и текст
Возможно, это изображение текст