Саломатии миллат – аз саломатии ҳар як шахс сарчашма мегирад!

image_pdfimage_print

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати сироятёбии сокинон ба бемории нави коронавирус (COVID-19) имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷаббор Раулов тадбирҳои безараргардонӣ бомаром ҷараён дорад. Аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар кӯчаҳо ва биноҳои истиқоматӣ, манзили зист ва роҳраву гулгаштҳо корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шуд. Инчуниндар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба хона нишастан, бе зарурият ба кӯча набаромадан, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ҳамарӯза бовусъат давом дорад.