Дар асоси дастуру ҳидоятҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводҳои озуқаворӣ ва истифодаи самараноки замини таъиноти кишоварзӣ, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Бо чунин ҳадаф, санаи 13 июни соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар хонаи истиқоматии Баҳодуров Ҳотамҷон Мамадович дар кӯчаи Наврӯз №21, деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмой аз истифодабарии самараноки замини наздиҳавлигӣ ва маҳсулотҳои кишоварзӣ дар гармхона, ки дар он сабзавоту кабудиҳо барои таъминоти рӯзмарраи оила ва бозор парвариш менамоянд, боздид намуданд.
Қитъаи замини наздиҳавлигии Баҳодуров Ҳотамҷон Мамадович масоҳати ҳаҷми калонро дарбар гирифта, тӯли 15 сол аст, ки масоҳати 0,04 гектари замини наздиҳавлигӣ парвариши помидори хушсифатро дар гармхона ба роҳ мондааст.
Қобили зикр аст, ки оилаи мазкур рӯзгор ва зиндагии худро аз ҳисоби деҳқонӣ пеш бурда истодаанд ва иттилоъ доданд, ки дар як сол зиёда аз 6 ҳазор тонна помидор ҳосил мегиранд ва ба бозор месупоранд.
Истифодаи мақсадноку самараноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам меорад, ки ин оилаҳо ҳосили фаровони барвақтии сабзавот, аз қабили бодирингу помидор ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро баланд ва дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад.
Дар назди ҳавлӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар буда, шароит фароҳам меоварад, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо бодирингу помидори истеҳсоли худӣ қонеъ гардонда шавад.Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, ки самараи хуб медиҳанд баҳои баланд дода, таҷрибаи онҳоро дар рӯёнидани ҳосили барвақтии помидору бодиринг ва ғайра дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.
Зимни суҳбат Баҳодуров Ҳотамҷон Мамадович таъкид дошт, ки онҳо аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш 2-3 маротиба ҳосили сабзавот мерӯёнанд ва аз ҳисоби ин ҳар сол фоидаи хуб ба даст меоранд.Мавриди зикр аст, ки Баҳодуров Ҳотамҷон Мамадович истиқоматкунандаи деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов соли таваллудаш 1964, соҳиби 3 фарзанду 2 набера буда, худ ва аҳли оилааш дар тӯли чанд солҳо бо меҳнат яъне, бо деҳқонӣ машғул ҳастанд.
Таъкид карда шуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар як оила замини наздиҳавлигии хешро самаранок истифода бурда, дар таъмини оила ва бозори дохила бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳмгузор шуда, зиндагии худро аз ҷиҳати молиявӣ пеш хоҳад бурд.





