Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Санаи 30-уми майи соли 2020 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт.Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгири ва беҳтар кардани вазъи эпидемологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи корӣ раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии нохия иштирок намуданд.Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбари давлат барои солимии ҷомеъа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вазъи эпидемологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад. Барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID – 19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ру ба пастрави ниҳода дар ҳолати коҳишёбӣ арзёбӣ карда шуд. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзур намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитари гигенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастарас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯи намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад.Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Аз кохишёбии сироятёби бемори форигболи накрда корхои ташвикоти дар бозору магоза таквият дода шавад. Зеро пастшавии сироятёби холо пурра бартараф ёбии бемори нест. Сокинонро зарур аст пеш аз ҳама аҳли оилаи худ ва ҷомеаро аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории COVID-19 эҳтиёт намоянд. Аз ҳар гуна ҷамъомадҳо ва барпо кардани маракаҳои хонаводагӣ худдори намоянд. Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти картошка, мувофиқи агротехникаи парвариши пахта, ба роҳ мондани нашъу намои пахта ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва пойгоҳҳи обкашӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.