Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Иди Қурбон таъкид намудаанд, ки “Ин иди муқаддас, пеш аз ҳама, эҳтиром ва шинохти қадру манзалати ҳамдигар, бахусус, падару модар, дигар калонсолон, шукронаи зиндагии орому осуда, хайру саховат, тарғиби ростиву растагорӣ ва сафои ботини шахси мусулмон мебошад”.
Санаи 27 майи соли 2026 ба шарофати соҳибистиқлоливу суботи миллӣ ва таъмини фазои озодӣ дар кишвар сокинони шарафёри ноҳияи Ҷаббор Расулов чун кулли дигар мусалмонони мамлакат имрӯз намози иди Қурбонро хонданд.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба масҷиди ҷомеаи ба номи Абдуғафур – Ота воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ташриф оварда, намозгузоронро ба муносибати ин иди фархунда табрик намуданд.
Раиси ноҳия зимни табрикоти худ иброз намуданд, ки иди Қурбон яке аз суннатҳои волою арзишманди мусалмонон буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни мақом ва ҷойгоҳи ин Иди саид таъкид намудаанд, ки “Моҳияти иди Қурбон яке аз суннатҳои эътиқодии мардуми мо аз хайру саховат, дӯстиву муҳаббат ва дастгирии байниҳамдигарии инсонҳо ҳамчун омили саодати зиндагии ҷомеа иборат мебошад”.
Қайд гардид, ки дар такя бар гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст, ки ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, муоширати хуб бо аҳли хонадон, муҳаббату самимият ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону ниёзмандон ва дуову фотеҳа дар ҳаққи гузаштагонро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ, хусусан дар айёми ид бояд эҳтиром ва риоя намоем.
Ҳамзамон роҷеъ ба анҷоми амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тарбияи шоёни насли ҷавон, роҳ надодан ба зиёдаравиву исрофкорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва фирефта нагардидан ба дасисаву доми гуруҳҳои тундрав даъват ба амал оварда шуд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осударо таманно намуданд.





