Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бахшида ба «Рӯзи омӯзгорон»

image_pdfimage_print

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Имрӯз дар тамоми манотиқи кишвари азизамон яке аз санаҳои бисёр муҳим ва таърихӣ Иди касбии омӯзгорон – Рӯзи муаллим ботантана қайд гардида истодааст, ки ин басо рамзист.
Ҳамаи шумоён, ихлосмандони ин санаҳои муборак ва табаррукро бо фарорасии Рӯзи омӯзгорон самимона табрик намуда, ба ҳар яки шумо бахту саодат, тандурустиву рӯзгори осуда ва дар кору зиндагиатон бурдбориву пирӯзиҳо орзумандам.
Бо ибтикор ва дастгирии ҳамешагии раиси вилояти Суғд, муовини авали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва кулли зиёиёну омӯзгорони ноҳиямон баҳри инкишофи ин рукни фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии насли наврасу ҷавон корҳои назаррасе ба анҷом расонида  истодаанд.
Омӯзгорони ноҳияамон Ҳабибов Эргашбой, Устопиров Болту, Норбобоев Солиҷон, Отабоева Фирӯза ва Воҳидова Раҳобат баҳри баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ барномаҳои таълимии фанҳои заруриро такмил дода, дар фаъолияти худ корҳои илмӣ-амалиро бештар ба роҳ мондаанд.
Боиси қаноатмандист, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳия роҳҳои баланд бардоштани самаранокии дарс, усулҳои инкишофи фаъолияти маърифатии хонандагон, таҳлили сифати дониши шогирдон ва ғайра мавриди коргузорӣ қарор дорад.
Самараи хуби меҳнати омӯзгорон аст, ки дар ин давра 11 нафар хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 6 нафарашон ҷойҳои шоёнро ишғол намуданд. 8 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ мушарраф гардидаанд ва хонандаи Гимназияи №1 Исоқова Гулшодабегим бо аттестати аъло ва бо медали тилло хатм намуд, ки ин боиси сарбаландии мост. Инчунин дар соли таҳсили 2020-2021 20 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуданд, ки самараи фаъолияти омӯзгорони ноҳия ба шумор меравад.
Ҳамчунин қабули 80 фоизи шогирдон ба макотиби олии кишвар ва берун аз он тасдиқи гуфтаҳои болост.
Бо баробари ин мехоҳам таъкид намоям, ки мову шумо мардуми шарифи ноҳия дар остонаи чорабиниҳои ҳаётан муҳим қарор дорем. Бо такя ба нерӯ ва иқтидори зеҳнии Шумо, итминони комил дорам, ки ҳамаи чорабиниҳову тантанаҳои минбаъдаро сарбаландона пасисар хоҳем намуд.
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо иди омӯзгорон самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, сулҳу якдигарфаҳмӣ ва ҳамеша дастурхони пурнозу неъматро орзу менамоям.

Ид муборак! Ҳамдиёрони азиз!