
Санаи 2-уми октябри соли 2020 дар қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқоти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид, ки дар он номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номзадҳо ва шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, баромад намуданд.
Раиси ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №42 – Раҳматуллоев Садриддин вохӯриро ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханро ба шахсони боэътимоди номзадҳо доданд. Зимни вохӯрӣ шахсони боэътимоди номзадҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти номзадҳо маълумоти муфассал дода, баъдан ҳар як номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо атрофи Барномаи пешазинтихоботии худ суханронӣ намуда, муҳтавои онро шарҳу тавзеҳ дода, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябр соли 2020 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзида, номзади арзандаи худро интихоб намоянд.
Дар интиҳо якчанд фаъолон аз он ҷумла собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Абдураҳимов Ғуфрон ба сухан баромада, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳоро бовар кунониданд, ки дар маъракаи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда овоз медиҳанд.




