Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони пойдории солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиру таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, дар ин самт тадбирҳои амалӣ анҷом дода мешавад.
Бо чунин ҳадаф, санаи 6 сентябри соли 2025 зимни сафари кории роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамроҳии Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек дар роҳи мумфаршкунии кӯчаи ба номи Отабобо Раҳимов воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз иштирок намуданд.Иқдоми мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки сокинону соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар соли ҷорӣ даҳҳо километр роҳҳои ҳудуди ноҳияро мутобиқ ба меъёру талаботи пешбинишуда ва бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ пурра мумфарш карда истодаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мумфаршшаванда бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия бо тариқи ҳашар ба дарозии зиёда аз 2,1 километр, паҳноии он 6 метр мумфарш карда мешавад. Мақсади асосӣ аз чунин иқдом сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин раванд сокинон тадбирҳои ободониро бо муттаҳидию сарҷамъӣ бо сатҳу сифати баланд амалӣ карда истодаанд. Иқдоми мазкур дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ ба нақша гирифта шудааст.
Дар суҳбат бо сокинон роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед барои амалисозии иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаашон дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо намудани маҳалли зист, аз ҷумла мумфарш намудани кӯчаю маҳалли зисташон изҳори сипос намуда ба сокинони ватандӯсту ободкори ноҳия барои иқдомҳои наҷибашон ҷиҳати ободу зебо кардани як гӯшаи ватани азизамон, намунаи ибрат ва таҳсин номиданд.
Баъдан, мардуми сарбаланди Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи ободониву созандагӣ изҳори сипосмандӣ баён карда, қайд намуданд, ки дар оянда низ баҳри ободии Ватани азиз саҳмгузор гардида, сарҷамъона бо ҳамраъйии давлату Ҳукумат диёри хешро то 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо мегардонанд.




