Санаи 27 декабри соли 2025 дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек гузаронида шуд.
Дар рӯзи баргузории қабули шаҳрвандон, муовини якуми Раиси ноҳия, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирону шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Қайд намудан лозим аст, ки сокинон доир ба масъалаҳои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳалли баҳси замин, гирифтани табобати ройгон, расонидани кӯмаки молиявӣ ва ғайра муроҷиат намуданд.Зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек муроҷиат ва дархости онҳоро қабул намуда, бобати ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони Раиси ноҳия баргузор мегардад.




