Санаи 27 декабри соли 2025 бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба муносибати Соли нави мелодӣ ва нисбат ба ғамхорӣ фаро гирифтани сарбозони Баталёни 1-уми зудамали Қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ташриф оварда, бо шароити зисту зиндагии хизматчиёни ин дидбонгоҳ аз наздик шинос шуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек бо сарбозону афсарон мулоқоти озоду самимӣ намуда, ба онҳо фарорасии соли нави мелодиро шодбош гуфтанд.Зимнан таъкид шуд, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи Ватан ва пос доштани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии миллат қарзи шаҳрвандии мост ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дар заминаи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардида, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар қарор дорад ва баҳри таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми тадбирҳои судбахш роҳандозӣ гардидааст.Ҳамзамон қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қодиранд, ки дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намоянд. Артиши миллӣ дар ҳама давру замон барои ҳар як давлати соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин эътироф шудааст.
Шоистаи зикр аст, ки бахшида ба иди Соли нав дар қисми ҳарбии мазкур дастурхони идона ташкил гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии Раиси ноҳия минбаъд низ чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, мунтазам роҳандозӣ менамояд.





