Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва ташаббусҳои хирадмандонаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тарбирҳои зарурӣ мунтазам андешида мешаванд.
Бо чунин ҳошия, санаи 27 декабри соли 2025 Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба муносибати соли нав ба дидбонгоҳи сарҳадии №0214 Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳия ташриф оварданд.Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек сарбозонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 табрик намуда, иброз доштанд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ қудратманд гардида, ба нерӯи бузург ва такягоҳи ҷомеа мубаддал шудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ фароҳам оварда шуда, дар оянда низ ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва такмили пояҳои моддиву техникии қисмҳои низомӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Сипас, барои афсарону сарбозон дастархони идонаи солинавӣ ороста шуд.




