Хизматчиёни шӯҷои амнияти миллӣ, кормандон ва собиқадорони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов!
Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 28-уми декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ таҷлил карда мешавад.
Бо ин муносибат Шумо- кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбӣ ва бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пуршарафатон, ки баҳри таъмини амнияти халқу Ватан нигаронида шудааст, муваффақиятҳои беназир ва ба Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту сулҳу амнияти поянда таманно дорам.Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд:”Масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, тамомияти арзии кишвар зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат қарор доранд.
Маҳз ба шарофати таъмини амнияти миллӣ, Тоҷикистон тавонист ба раванди таҳаввулоти бунёдӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардад.Кормандони амнияти миллӣ дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарин мебошад.
Мо, мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз аз матонату ҷасорат, фидокориву шуҷоат ва эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқати ҳар як хизматчии мақомоти амнияти миллӣ ифтихор намуда, бо хушнудӣ изҳор медорем, ки маҳз хизмати муваффақонаи кормандони ин ниҳоди баландпоя ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боис гардид, ки Тоҷикистони азизи мо солҳои охир аз нигоҳи баҳогузории созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар раддабандии амнтарин кишвари олам қарор гирифта истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар радифи дигар сохторҳои низомӣ, нақши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар барқарорсозии сулҳу субот ва ҳифзи сарҳади давлатӣ муҳим арзёбӣ гардида, муҳайё сохтани шароити моддиву техникӣ ва иҷтимоиву маишӣ барои хизматчиёни он дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад”.
Мо ба ҷасорату шуҷоати ҳар як афсару сарбози ин ниҳоди қудратӣ, ки барои оромии ҳар як сокини мамлакат ҷони худро дареғ намедоранд, арҷ мегузорем. Итминони комил дорем, ки бо такя ба ҳидоят ва дастгириҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ оромиву субот, озодиву истиқлол ва ваҳдату амнияти миллиро таъмин намуда, марзҳои муқаддаси Ватанро содиқонаву фарзандона ҳимоят хоҳанд намуд.
Бо ибрози назар боз бори дигар иди касбиро ба тамоми собиқадорон ва хизматчиёни шуҷои мақомоти амнияти миллӣ таҳният гуфта, тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, пирӯзиҳои рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳо орзумандам.
Иди касбӣ муборак, ҳомиёни шӯъҷои Ватан!
Бо эҳтиром Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек


