Тақдими туҳфаҳои идона ба кормандони муассисаи коммуналии ноҳия

image_pdfimage_print

Санаи 30 декабри соли 2025 аз ҷониби Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин-сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба кормандони КДФ “Ҳоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов туҳфаҳои идонаи солинавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тақдим карда шуд.

Зимни тақдими туҳфаҳо Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек кормандонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, барои хидмати софдилонаашон ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди маркази ноҳия ва шаҳраки Меҳробод изҳори сипос намуданд.

Роҳбари ноҳия изҳор доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ дар асоси сиёсати адолатпарварона ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба меҳнат фаъолият мекунанд, ҳамеша дастгирӣ ва қадрдонӣ хоҳад намуд.

Дар идома роҳбарияти ноҳия барои хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карданд. Покизакорон ва рӯбандагон дар навбати худ барои чунин таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо илҳом аз сиёсати инсондӯстонаиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри ободу зебо гардонидани ноҳияи азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.