ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ! – ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 9 майи соли 2026 ба муносибати 81 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи фарҳангию фароғатии дар назди пайкараи “Сарбози номаълум”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими гулчанбаргузорӣ ва чорабинии пуршукуҳ баргузор гардид.Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар ҷамъомади гулчанбаргузорӣ иштирок намуда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Сарбози номаълум” гулчанбар гузоштанд.

Дар маросим ҳамзамон роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони фаъол низ бо эҳтироми хоса ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбарҳо гузоштанд.

Нахуст, Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек зимни суханронии хеш кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба муносибати Рўзи Ғалаба шодбош гуфта, ба ҳозирин саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва барору комёбиҳо таманно намуданд. Қайд гардид, ки солҳо мегузаранд, аммо номи неки ҷанговарони қаҳрамон, ки бар ивази ҷони худ инсониятро аз офати фашизм наҷот додаанд, ҷовидон боқӣ мемонад. Таърих номи неку кори неки абармардони замонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ваҳдату ҳамдастии мардуми олам дар таъмини ин Ғалабаи таърихӣ, ки ба ҳифзи озодӣ ва истиқлоли инсоният нигаронида шудааст, аз ҷумла таъкид намудаанд: “Қобили зикр аст, ки ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад”.

Инчунин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба самъи ҳозирин расонида, аҳли ҳамоиш, меҳтарони ҷанг ва тамоми сокинони ноҳияи Ҷаббор Расуловро бо ин рӯзи фархунда самимона таҳният гуфтанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Гулдастаҳои тару тоза бар ғолибони Ватан бахшем, Онҳо ба руҳу ба ру тоза, мо дида ҳусни наку рахшем.

Дар фарҷом, барномаи зебои идона, ки ба Иди Ғалаба бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардидонида шуд, ки ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.