ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

image_pdfimage_print

Ҳамватанони азиз, Иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат!

Басо хушоянд аст, ки ҳамасола дар қатори дигар сокинони сулҳдӯсти сайёра дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ифтихор аз корномаҳои падарону бобоёни қаҳрамон таҷлил мегардад. Имсол аз таърихи муборизаҳои фидокоронаи дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишондодаи фарзандони кишвари азизамон Тоҷикистон 81 сол сипарӣ гардид.Бо самимияти афзун, собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни ин ҷанги пурфоҷеатарини таърихи инсоният ва тамоми сокинону меҳмонони сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба фарорасии Рӯзи Ғалаба бар фашизм сидқан табрик гуфта, ба хонадони мардуми Ватани маҳбубамон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, иқболи баланд ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бар фашизм таъкид намуданд, ки «Мардуми Тоҷикистон ҳар сол рӯзи Ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.

Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.Ҳамасола дар санаи 9-уми май таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ шоистаи арҷгузорӣ мебошад, зеро он нишонаи олии дарси ибрат аз шуҷоату мардонагӣ, ҷоннисорӣ, фидокорӣ ва дӯст доштани Ватан ба ҳисоб меравад.

Эҳтироми хотири фарзандони шуҷои Ватан ва қадршиносӣ дар ҳаққи онҳое, ки барои ҳимояи марзу бум ҷони азизи хешро ба гарав ниҳода зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамонро фароҳам овардаанд, вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа буда, насли имрӯзро бояд барои анҷом додани хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намояд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки роҳи пурифтихор ва таҷрибаи зиндагии падарони қаҳрамон барои мо ҷиҳати устувор гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, истеҳком бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд, зеро қаҳрамониҳои онҳо ҷовидонист.

Бо чунин ниятҳои нек кулли собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони шарафманди ноҳияро дар симои родмардони асили Ватан – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ифтихори 81 – солагии Иди Ғалаба табрику таҳният гуфта, ваҳдати миллии бардавом, саодатмандиву саломатӣ, хонаи обод ва дастоварду муваффақиятҳо таманно дорам!

Бо камоли эҳтиромРаиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек