Шукри Пешво мекунем довар шуда андар ҷаҳон, Аз бузургӣ халқу миллат доварӣ бошад нишон.
Паёми табрикии роҳбарият, хизматчиёни давлатӣ ва кулли сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ифтихори ЗОДРӮЗИ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли эҳтиром, самимияти беандоза ва таманниёти беназир ҳузури ин рӯзи муборакро, ки Шумо имрӯз ҷашни фархундаи зодрӯз доред аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва кулли сокинону меҳмонони ноҳия самимона шодбош мегӯем. Бо беҳтарин орзуву нияти нек аз умқи дил аз аввалинҳо шуда, дар радифи аввал ба Шумо саломативу сарбаландӣ, хушиқболиву пирӯзӣ, дарозумрӣ, маҷмӯи хушиҳои олам ва муваффақияту комёбиҳои беш аз пешро орзумандем!
Зодрӯзи Шумо – шахсияти барҷастаи сиёсӣ, абармарди таърихӣ ва Пешвои муҳтарами миллат, барои мардуми Тоҷикистон рамзи саодати миллӣ, хирадмандии давлатӣ ва иттиҳоду ваҳдати устувор мебошад. Таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба номи пуршарафи Шумо пайванди ҷудонопазир дорад. Маҳз бо роҳбарии ҷасурона ва хирадмандонаи Шумо кишвар аз мушкилоти сангин раҳо ёфт, сулҳу субот таъмин гардид, пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфтанд ва имрӯз Тоҷикистони азизамон дар роҳи созандагию тараққиёти устувор бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бешак метавон заковату азму иродаи устувору матин, дурнигарӣ, нексириштиву поквиҷдонӣ, софдилӣ, содиқият ба халқу Ватан, ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварии Шуморо ҳамчун фарзанди фарзона, ки баҳри саҳмгузорӣ дар шукуфоиву пешрафти Тоҷикистони азиз равона шудааст, пай бурда, эътироф сохт. Шумо ҳамчун роҳнамои беназири миллати тоҷик тавонистед, ки бо сиёсати дурбинона ва оянданигар, бо меҳру муҳаббат ба Ватан ва садоқати бепоён ба халқ, Тоҷикистони азизро ба як давлати муосир, ором, соҳибмақом ва рушдкунанда табдил диҳед.
Ин ҳама заҳмату талошҳои пайваста, бедорхобиҳо ва фидокориҳои Шумо дар қалби ҳар як фарди ватандӯст ва хештаншинос ҳамчун саҳифаҳои рӯшан ва намунаи ибрат сабт гардидааст.Роҳбариву роҳнамоии Шумо омил гашт, ки мо аҳли ноҳияи Ҷаббор Расулов дар кишвари маҳбубамон ба натиҷаҳои назаррас бирасем. Арзи сипоси беканори худро бо истифода аз фурсати муносиб иброз медорем.
Бигзор бахту саодат ва сулҳу ваҳдати пойдоре, ки меъмораш ҳастед дар фазои Тоҷикистони азизи мо ва парчами ҷавонмардӣ ҳамеша сари дастонатон парафшон бошад!Мо хизматчиёни давлатӣ ва сокинон дар симои Шумо – Пешвои муаззами миллат наҷотбахши давлату миллат, поягузори давлати соҳибихтиёр, ҳомиву пуштибони тамоми тоҷикони дунё ва муҳофизи сулҳу суботи меҳанро мебинем. Шумо бо сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷии худ Тоҷикистони азизи моро ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар роҳнамоӣ намуда истодаед.
Заҳматҳои Шумо баҳри рушди Тоҷикистон ва кӯшишҳои бевоситаи Шумо, ки ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, барои мо хеле арзишманданд.
Ҳангоми дар бораи соҳибистиклолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намудан, беихтиёр симои барҷастаи шоҳсутуни давлату миллат, пуштибони халқи тоҷик дар арсаи олам, эҳёкунанда ва ҷамъоварандаи Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад.
Шоистаи таъкид аст, ки таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, оромии мамлакат, худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, бо номи шахсияти бузурги таърихии халқи мо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ доранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки на танҳо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, балки ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо муҳтарам Пешвои ғамҳори миллат, Ҷаноби Олӣ идеали худ меҳисобем.
Муҳтарам Пешвои муаззами миллат зодрӯзи Шумо зодрӯзи давлату миллат аст. Санаи 5 – октябр барои ҳар як фарди ватандӯст санаи муборак мебошад. Зеро дар ин рӯзи таърихӣ ба мо тоҷикон Худованди бузург, Шуморо ҳадя кардааст.
Аз хандаи баст ҳамеша хуррам бошед, Хушнуд зи мову ҳама олам бошед.
Мо дасти дуо баҳри Шумо бардоштем, Эй дидаву дил, дур зи ҳама ғам бошед!
Бо изҳори самимият, эҳтирому эътиқод ва ихлоси бепоён муҳтарам Пешвои муаззами миллат Шуморо ба муносибати зодрӯзи хуҷастаатон табрику муборакбод намуда, сиҳату саломатӣ, умри дарозӣ бо баракат, хотири осуда, шодиву нишоти аз ин ҳам бештар, давлати поянда, обруву нуфузи ҷовидонаро орзу намуда, хоҳони он ҳастем, ки доим бо пайвандонатон дар амон бошед.
Имрӯз дуои пиру барнои мамлакат ва самимитарин орзуҳои сокинони ҷумҳуриамон бо Шумоянд.
Эй сарвару сарбони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо, Исмоили даврони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо. Чун ҷонфидою ҷонсипар ту зинда кардӣ аз дигар, Исмоили Сомони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо!
Бигзор ҳар рӯзи ҳаёти Шумо саршор аз муҳаббат, дастовардҳои нав, эҳтироми миллат ва дуои неки мардум бошад.
Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамеша бо ифтихор аз Пешвои худ пайравӣ намуда, барои таҳкими Истиқлолият ва ободии сарзамини аҷдодӣ саҳм мегузоранд.
Пешвои мо фахри мост, Ӯ ҳадяе аз Худост. Миллаташро мебарад, ҳамеша ба роҳи рост!
ЗОДРӮЗ МУБОРАК ПЕШВОИ МАҲБУБУ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ!



