Сокинони сарбаланд, ҷавонони меҳан ва меҳмонони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов!
Бо фарорасии Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо самимона табрику таҳният гуфта, дар роҳи ҳифзу арҷгузорӣ ва гиромидошти забони давлатӣ, ки рукни муҳими давлатдории миллиамон ба ҳисоб меравад, барору муваффақиятҳо таманно менамоям.Боиси таъкид аст, ки забон дар ҳама давру замон ҳамчун ойинаи таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллатро дар худ таҷассум намуда, дар шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло рафтани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, таҳким бахшидани пояҳои давлату давлатдорӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллат нақши арзанда мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд:
«Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сиву панҷ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд. Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва бо мақсади татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба забон, аз ҷумла муқаррароти қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, ки барои мустаҳкам намудани пояҳои забони давлатӣ нигаронида шудаанд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ таъкид доштанд:
«Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо – тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад».
Аз сарчашмаҳои таърихӣ равшан аст, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи ҳастии хеш ҳамчун пурарзиштарин падидаи фарҳанги тоҷикон симои миллати куҳанбунёди моро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.
Олитарин маҳсули тафаккури бузургони ҷаҳони андеша, адабиёт, илму маориф ва фарҳанги тоҷик маҳз тавассути забони тоҷикӣ то замони мо расида, ҳамчун нодиртарин ганҷинаҳои ақлонии соҳибзабонон муаррифӣ шудаанд.
Имрӯз дар ганҷинаҳои нодири китобхонаҳои ҷаҳон асарҳои зиёде маҳфузанд, ки бо забони тоҷикӣ ба қалам омада, чун забони илм муаррифӣ кардаанд.Дар ҳақиқат, забон ҳамчун воситаи боэътимоди омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дошта, гузаштагони мо барои рушду инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баровардани он кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки: «Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷик», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургону олимон сухан гуфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст».
Ин нуқта баёнгари он аст, ки забони тоҷикӣ бузургтарин асос, шиноснома, нишон ва ёдгори маънавиест, ки ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикосгари гузаштаи бою рангини сарнавишти таърихии халқамон мебошад. Нуфуз ва иқтидори ин забон дар асрҳои миёна натанҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсату давлатдорӣ низ бузург буд, зеро маҳз бо шарофати забони модариамон тамаддуни қадимтарин, таърихи пурғановату рангин, ганҷинаи гаронбаҳои адабию бадеӣ ва ахлоқӣ, суннат, расму ойин ва анъанаҳое, ки инъикосгари хусусиятҳои хоси миллат ҳастанд, то ба мо омада расидаанд.
Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҳз бо сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора ба мақоми таърихии хеш соҳиб гардид, ки ин, пеш аз ҳама, ба сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи забон пайванди ногусастанӣ дорад.
Забон чун рукни ҷудонашавандаи маънавӣ бо ҳаёти миллати тоҷик пайванди қавӣ дошта, дар тӯли ҳастии худ чун далели раднопазири қадима будани миллати тоҷик, нигоҳдорандаи мероси бебаҳои ниёгон, пайвандгари миллат ва воситаи муошират хидмат кард ва ин рисолати муқаддаси худро дар замони Истиқлоли давлатӣ низ идома медиҳад.
Боварии комил дорам, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар роҳи поку беолоиш нигоҳ доштани бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо – забони тоҷикӣ ва таҳкими мақому манзалати он ҳамчун забони давлатӣ саъю талош меварзанд.
Ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз дар ин санаи бузургдошти забони давлатӣ умри бобаракат, рӯзгори саршор аз меҳру муҳаббат, саодати хонаводагӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназирро орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак!
Бо камоли эҳтиром Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек


