ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

image_pdfimage_print

Дар Қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Ҳакимова Парвина бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.

Нахуст, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек кулли собиқадорон, омӯзгорон ва кулли сокинону меҳмонони ноҳияро ба фарорасии Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон самимона табрик карда, ба омӯзгорон ҷиҳати иҷрои софдилонаи рисолати касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба барору комёбӣ таманно намуданд.Дар идома роҳбари ноҳия иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ таъкид доштанд:

«Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо – тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад».

Хеле рамзист, ки Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон дар кишвари азизи мо дар як марҳила таҷлил мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон вобаста ба мақому манзалати омӯзгор чунин баён доштаанд:

“Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.

Боиси ифтихор аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон таҳти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва кору фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шуда, барои омӯзгорон дар санадҳои қонунгузорӣ имтиёзҳо муқаррар гардиданд.

Мо аз он сарфароз ҳастем, ки омӯзгорони ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияташонро ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилотӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расондани наслҳои замони нав ба натиҷаҳои дилхоҳ сазовор мешаванд.

Натиҷаи заҳмати бобаракати омӯзгорони ноҳия аст, ки тайи солҳои охир дар соҳа пешравиҳои бештар ба назар мерасанд.Бо эътимод ва итминони комил изҳор медорам, ки омӯзгорони ноҳия чун нерӯи пешбарандаи ҷомеа минбаъд низ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли ояндасоз ва худогоҳу ватандӯст дар пойдории сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи навин саҳми сазовор мегузоранд.

Дар навбати худ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ нисбати устодон, омӯзгорон ва собиқадорони соҳа мунтазам ғамхорӣ зоҳир намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити беҳтарин барои омӯзгорон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.- иброз доштанд Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек.

Сипас, аз ҷониби Раиси ноҳия ба собиқадорони соҳаи маориф туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.Дар фарҷом, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.