Аёдати шахси маъюб

image_pdfimage_print

Ба ғамхорӣ фаро гирифтани қишри ниёзманди аҳолӣ ба хусус маъюбону ниёзмандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бо ин мақсад санаи 1 феврали соли 2024 зимни аёдати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек сокини маъюбу ниёзманди Ҷамоати деҳоти Гулхона Қулматов Ҳабибулло бо аробачаи маъюбӣ ва кӯмакҳои моддӣ таъмин гардиданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек аз таваҷҷуҳи махсус ва дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони ниёзманд ёдоварӣ намуда, аз вазъи зиндагонӣ ва мушкилоти ин сокинон пурсон шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Юлдошзода Олимбек ба Қулматов Ҳабибулло барои ройгон табобат гирифтан дар муассисаҳои тиб ва дар сатҳи зарурӣ таълим гирифтанаш ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.