Боздиди иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек аз пойгоҳҳои обкашӣ

image_pdfimage_print

Санаи 9 феврали соли 2024 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек бо мақсади шиносои аз рафти таъмири Пойгоҳҳои обкашии ҳудуди ноҳия боздид намуд.

Зимни боздид аз рафти таъмири Пойгоҳҳои обкашии «Деҳмой-1», «Чашма-2», «Родник-1» ва «Деҳмой-4» воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Деҳмой мебошад, оғоз гардид. Тавре ба иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки пойгоҳҳои мазкур ҳамагӣ 18 адад агрегат доро буда, 9 адад агрегат аз таъмир бароварда шуда, барои обёрии мавсими соли 2024 пурра омода мебошад. Дар боқимонда агрегатҳо корҳои таъмирӣ рафта истодааст.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом ва роҳбарони дахлдори соҳа оид ба корҳои таъмирро зудтар ба итмом расонидан, интиқоли мунтазами неруи барқ ба пойгоҳҳо ва сари вақт ҷамъоварии маблағи қарзи истифодабарандагони об, бахусус, роҳандозӣ намудани корҳои таъмири биноҳои пойгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон, тозагию ободонӣ дар ҳудуди пойгоҳҳо, инчунин, шинонидани ниҳолҳои мевадору сояафкан дар заминҳои холии назди пойгоҳҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод ва зикр намуд, ки иҷрои корҳо дар муҳлатҳои муайянгардида, таҳти назорати қатъии худ қарор мегиранд.