Санаи 16 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Дар маҷлис аъзоёни кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан” ва шахсоне, ки ба маҷлис тааллуқ доранд, иштирок намуданд.
Дар маҷлиси ғайринавбатии Кумиҷроия масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд:
1.Омодагии ташкилотҳои ибтидоӣ бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
2.Ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Раёсати он.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Шерзод Набиев оид ба омодагии ташкилотҳои ибтидоӣ бахшида ба 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориш дод.Дар музокира намоянда аз ташкилоти ибтидоии “Летсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов” Баёт Комилов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Рустам Одилзода вобаста ба омодагиҳои ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуданд. Аъзоёни Кумиҷроияи оид ба масъалаи мазкур қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома ҳайати нави аъзоёни Кумиҷроия ва Раёсатро тасдиқ намуданд. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода аъзоёни Кумитаи иҷроияи навинтихобшударо табрик намуд. Дар кори маҷлис масъалаҳои ташкилӣ низ баррасӣ карда шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Шерзод Набиев бо сабаби ба кори дигар гузоштанаш аз вазифа озод карда шуд.
Раисикунанда барои хизматҳои шоёни собиқ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Шерзод Набиев ёдовар шуда зикр дошт, ки дар давоми фаъолияташ барои иҷрои талаботҳои Оннома ва Барномаи ҳизб, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа саҳми босазои худро гузошт. Дар навбати худ мувофиқа бо Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Султонзода Бахтиёр Султон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пешниҳод гардидааст.
Бо ҷонибдории аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Султонзода Бахтиёр Султон ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов интихоб карда шуд. Собиқадори ҳизб Мавлонкул Бойтемуров ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти Гулхона Назира Тошпӯлотова раиси тозаинтихобшударо табрик намуда, дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

