Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, таҳти рақами АП-470 тасдиқ шудааст, санаи 21 феврали соли 2024 тибқи қарори дахлдори раиси ноҳия дар тарабхонаи «Висол» даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек иштирок намуда суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар самти омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил фаъолона ширкат намуда истодаанд, ки хидматҳои онҳоро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қадр менамояд. Чӣ хеле, ки дар Паём Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд карданд «Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хидмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эҳтирому обрӯ гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати дастгирии ҳунармандзанон ва омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, умед бар он дорад, ки занону духтарони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат илҳоми тоза гирифта, ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ саъю талош хоҳад бурд. Дар озмун аз ҳама Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ, литсейи касби техникии ноҳия кадбонуҳо иштирок намуданд. Озмуни ноҳиявии “Кадбонуи беҳтарин” ин тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хурушҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад. Ҳамин аст, ки баргузории он давоми солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст.
Мақсади озмун ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳалии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ арзёбӣ гардидааст. Дар фарҷоми чорабинӣ беҳтарин кадбонуҳо аз Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ ва литсейи касбу техникӣ соҳиби мукофот ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.







