ПАЁМИ табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи шумо, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, сарбозону афсарон, кулли бошандагони ноҳияи овозадори Ҷаббор Расуловро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан худам ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон сиҳатии комил, хотирҷамъии ҳамешагӣ, бурдборӣ ва рӯзгори хушу осмони софу беғуборро таманно мекунам.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияте созмон ёфта буд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва нерӯе зарур шуд, ки дар барқарории сулҳу Ваҳдати миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар аз қувваҳои беруна, ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳукумати навинтихоб мадад расонад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба рушди иқтисодиёт илова ба таъминоти боз ҳам беҳтари ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ дар оянда низ дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро густариш бахшида, барои зина ба зина беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии онҳо, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ҳамаи чораҳои заруриро меандешад”.

Бовар дорам, ки сарбозони шуҷои кишвар, ки дар қатори онҳо фарзандони бонангу номуси мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам ҳастанд, тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳораташонро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатии кишвар сафарбар мекунанд.Бори дигар тамоми сокинони шарафманди ноҳияро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, бароятон тани баофият, осмони софу беғубор ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

И.в. Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек