Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов​

image_pdfimage_print

Дар доираи боздиди корӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро​ аёдат кард.Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз собиқадори соҳаи кишоварзӣ Абдувоҳид Салимовро аёдат намуда, ба номбурда кӯмакҳои моддӣ расонид.Абдувоҳид Салимов 76 сол дошта, солҳои зиёд дар хоҷагии қишлоқ кор кардааст.
Дар ин рӯз ҳамзамон собиқадори соҳаи маориф Мавлонқул​ Расулов ва собиқадори соҳаи тандурустӣ Рустам Бобоев​ ба аёдат фаро гирифта шуданд ва ба​ аёдатшудагон аз номи роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас гардид.