Паём-роҳнамои зиндагӣ

image_pdfimage_print

Имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромии кишвар мардуми шарифи кишварамон ба таври дастаҷамъона тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ мустақиман пахш гардид тамошо карданд. Дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастовардҳои иқтисодии иҷтимоии мамлакат дар соли 2022 сухан ронда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуданд.
Дар ин радиф бо боварии том метавон гуфт, ки мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳидоятҳои сарвари давлатро бо дилгармӣ ва эҳсоси қаноатмандӣ истиқбол гирифта, дар оянда сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати пешрафти ватани маҳбубамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки ҷомеаи меҳнатӣ, омӯзгорону донишҷуён, ҷавонон, хонандагон тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.
Дар ноҳия тамоми намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ин пахши мустақимро тамошо намуданд.