БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ИБОРАТ АЗ 12 СИНФХОНАИ ЗАМОНАВӢ БАРОИ 780 НАФАР ХОНАНДА ДАР МТМУ РАҚАМИ 15 ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМОЙИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ИФТИТОҲ ГАРДИД

image_pdfimage_print

Дар доираи дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 сентябри соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек дар деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмой бинои иловагии таълимӣ иборат аз 12 синфхонаи замонавӣ барои 780 нафар хонанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ифтитоҳ намуданд.

Нахуст, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии мазкурро бо Рӯзи Дониш ва ҷашни ҳумоюнии миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуданд.Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, волидайни хонандагон ва соҳибкорони ватанӣ моҳи феврали соли 2025 оғоз гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ пурра ба итмом расонида шуда, бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Бинои иловагии таълимии муассисаи мазкур иборат аз дуошёна ва дорои 12 синфхона буда, барои зиёда аз 780 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.Таъкид ба ёдоварист, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ба номи Ҳусейнбой Қурбонов воқеъ дар деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмой аз соли 1968 фаъолият намуда, айни ҳол дар муассисаи мазкур зиёда аз 1000 нафар хонанда дар ду баст бо фарогирии 50 нафар омӯзгор таҳсил мегиранд.Зимни боздиди синфхонаҳои замонавии навифтитоҳ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ҳангоми суҳбат бо омӯзгорону хонандагон таъкид карданд, ки бахшида ба ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳи ин таълимгоҳ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар оянда низ бунёди иншоотҳои таълимӣ ва муассисаҳои нав дар ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шудааст, ки марҳила ба марҳила мушкилоти соҳаро дар самти норасогии ҷойи нишаст ба пуррагӣ бартараф карда мешавад. Ҷавобан ба чунин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат хоса Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки Шумо, бояд бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созанда ба камол расед ва дар оянда барои халқу ватани худ хизматҳои шоиста ба ҷо биёред – иброз доштанд Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек.

Сипас, ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ятимон аз номи Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои муаззами миллат ҳамчун туҳфа либосҳои мактабӣ супорида шуд.