Санаи 2 сентябри соли 2026 дар асоси нақшаи муқарраргардида таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султон – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули ҳайатҳои котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз ёфт.
Дар рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифт.
– рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 апрели соли 2026,
«Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» дар ноҳия;
– рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2040» дар ноҳия;
– ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ;
– ҳисоботи вакилӣ;Оиди ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзномаи иҷлосия ҷой доштанд, баррасӣ гардиданд.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султон – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, зикр намуд, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузургтарин ва неъмати бебаҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари маҳбуби мо бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи созандагиву ободониро пеш гирифта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар фарҷоми иҷлосия, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Юлдошзода Олимбек ба ифтихори ҷашни ҳумоюнии миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шунавандагонро табрику муборакбод намуда, оид ба вусъати фаъолияти вакилон вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххасро ироа намуданд.
Боиси ифтихору сарфоризист, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати иқдомҳои созандаву ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида истодаанд.
Аз ҷумла, сокинони заҳматқарини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин ҷода саҳми арзанда гузошта, дар доираи корҳои созандагӣ як қатор синфхонаҳои таълимии замонавӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ, инчунин марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва марказҳои хизматрасонӣ сохта, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин зиёда аз 400 километр дар се соли охир роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ пурра мумфарш гардид. – иброз намуданд Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек.
Ҷашни ҳумоюнии миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!
Бо ҳамин, иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид.



