БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ҲАШТУМИ (ҒАЙРИНАВБАТИИ) МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

image_pdfimage_print

Санаи 12 декабри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек иҷлосияи бисту ҳаштуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия, муовини якуми Раиси ноҳия, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсоне, ки ба масъалаҳои иҷлосия дахлдоранд ширкат варзиданд.
Нахуст, иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, пас аз садо додани Суруди миллӣ, Раиси ноҳия корӣ иҷлосияро оғоз намуд, ҳамчунин дар рафти иҷлосия ҳайати котибот, рӯзнома ва тартиби корӣ бо дастгирии вакилон тасдиқ карда шуд.Таъкид гардид, ки баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бояд ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Тибқи рӯзнома дар иҷлосия масъалаҳои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, ташкил намудани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум, муайян кардани миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум ва теъдоди миёнаи интихобкунандагон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул ва аз ҷониби аксарияти вакилон тасдиқ карда шуд.
Вобаста ба ин, бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати ҳафтум иборат аз 13 нафар таъсис ёфта, барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 40 ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда шуд.
Дар охир Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ба фаъолияти комиссияи ноҳиявии интихобот, ҳайати тозаинтихоби комиссияи ноҳиявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилу баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва ҷиҳати шаффофу воқеъбинона ва бо тариқи демократӣ гузаштани интихобот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.