Санаи 12 декабри соли 2024 дар толори қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов семинар машварат бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонов Қурбон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Муҳаммад Исомаддинзода баргузор гардид.
Дар семинар машварат иштирокчиён бобати Интихоботи дар пешистода баромад намуда, баҳри дар сатҳи баланд ва дар доираи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани Интихоботи навбатӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.






