Санаи 21 августи соли 2026 дар қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар машварати мазкур намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Шаҳноза Марасулова, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, ҷавонони фаъоли ноҳия ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек зимни суханронӣ иброз доштанд, ки рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бо назардошти саҳми муассири омӯзгорон ҷиҳати пешрафти давлату миллат дар самти таъмини шароити арзандаи фаъолияти онҳо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мешавад.
Намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Шаҳноза Марасулова ва мудири маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов Эгамзода Зулола низ баромад намуда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва афзун намудани дастовардҳо суханронӣ намуданд.Сипас, чанде аз омӯзгорони фаъоли муассисаи таълимии ноҳия ба музокира баромада, барои фароҳамсозии шароити мусоиди таълиму тарбия ба Пешвои муаззами миллат миннатдории аҳли маорифро расониданд.
Дар фарҷом аз ҷониби Раиси ноҳия як қатор фаъолони соҳа барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шуъбаи маорифи ноҳия, Сипоснома ва бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қадрдонӣ гардиданд.



