ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ! – ҒОЛИБИЯТИ ВАРЗИШГАРИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ФАРИДУН ОДИЛОВ ДАР МУСОБИҚАИ АСА 206

image_pdfimage_print

“Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад“.

Эмомалӣ Раҳмон

Шоистаи қайд аст, ки санаи 15 августи соли 2026 дар шаҳри Москва мусобиқаи ACA 206 баргузор гардида, дар он варзишгари ноҳияи Ҷаббор Расулов Фаридун Одилов бо Алтынбек Мамашов аз Қирғизистон буд, рақибпазирӣ намуда, Фаридун Одилов бо қарори доварон пирӯз шуд. Ин дастовард на танҳо ифтихор ва шарафи мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов, балки ифтихори тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонони варзишгарон тамоми тадбиру иқдоми зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек барои пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмиллалӣ варзишгарро табрику таҳният ва барору музаффарият таманно намуда, таъкид сохтанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонони бонангу номус ва муаррифгари Ватан дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва месазад, ки ҷавонон низ ба ғамхорию дастгириҳои пайвастаи абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба воя расонидани варзишгарони тавоно пайваста чораандешӣ мекунад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.