Фарзандони азиз!
Аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишвари азизамон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дорад.
Ин сана мо – калонсолонро ҳамеша водор месозад, ки ба саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.
Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакон ба ҳамаи шумо ва дар симои шумо ҳар як кӯдаки ноҳияро самимона табрик мегӯям.
Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву дурахшони ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо ҳамеша таҳти щамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон дар радифи щамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва дастгириҳои раиси вилояти Сущд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида истодааст ва ин раванд минбаъд низ идома меёбад.
Хурсандиовар аст, ки солҳои охир наврасону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи мо дар озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар хориҷ мунтазам ва фаъолона ширкат варзида, соҳиби мақоми баланд ва медалу ҷоизаҳо мегарданд.
Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо-калонсолон вобаста аст.
Бинобар ин, ҳар кадоми мо дар ёд дошта бошем, ки барои тарбияи дурусти кӯдак масъул ҳастем. Яъне кӯдакро мо барои ҳаёти мустақилона ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар руҳи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем.
Фарзандони азиз!
Шумо – кӯдакону наврасони азиз насли хушбахти даврони истиқлолият ва ворисони сазовори миллату давлат ҳастед.
Шумо бояд Ватан – Модари худро бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён дӯст доред, ба арзишҳои ҷовидонаи миллӣ арҷ гузоред ва ниҳоят ҳамқадами замон бошед.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи кӯдакони ноҳияро бори дигар ба муносибати ин иди байналмилалӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кадоми шумо кӯдакону наврасони азиз дар оянда сазовори номи баланди фарзандони фарзонаи Ватани хеш мегардед.
Ба ҳамаатон саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.
Хушбахту баландиқбол бошед, фарзандони азиз!

