Дастгирии кормандони мавсимӣ

image_pdfimage_print

Санаи 31-уми майи соли 2020 бо иқдому дастгириҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба 500 нафар кормандони мавсимӣ, ки дар марказҳои логистикии содироти пиёз фаъолият мебаранд ва аксари онҳоро занон ташкил медиҳанд хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд. Аз ин иқдоми Раиси вилоят кормандон руҳбаланд гардида, ба онҳо руҳу тавонои тоза бахшида шуд. Иштирокдорони хӯроки нисфирӯзи миннатдории беандозаи худро ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баён намуданд.