Дар партави маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчун анъанаи хоси ниёгон, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба муносибати “Рӯзи омӯзгорон” ва “Рӯзи Забони давлатӣ” як зумра собиқадорони соҳаи меҳнатро аёдат карда, аз ҳолу аҳволи онҳо бархурдор гардиданд.
Бо чунин ҳадаф, Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ташриф оварда, собиқадори соҳаи маориф Солиева Мамлакат Шукуровнаи 82 – соларо аёдат ва ба муносибати иди омӯзгорон ва Рӯзи Забони давлатӣ табрику таҳният намуданд. Аёдатшуда Солиева Мамлакат Шукуровна соли таваллудаш 26 январи 1944, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Зиёда аз 50 сол дар соҳаи маориф, солҳои 1968-2018 дар (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4), ҳозира мактаби Гимназияи рақами 1 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ фаъолияти пурсамар намудааст.Ногуфта намонем, ки аёдатшуда – собиқадори соҳаи маориф Солиева Мамлакат Шукуровна дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аввалин омӯзгори фанни забони англисӣ мебошад.Соҳиби 4 фарзанд – 3 писару 1 духтар, 9 набера ва 12 абера мебошад. Аз соли 2018 нафақахӯр мебошад.
Роҳбари ноҳия иброз доштанд, ки собиқадорон ва нафарони хизматнишондода ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста тадбирҳои амалӣ ҷиҳати қадршиносии хизматҳои софдилонаи собиқадорони соҳаҳои мухталиф, ки дар пешрафти давлату ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд роҳандозӣ карда мешавад.
Воқеан, касби омӯзгорӣ пешаи муқаддастарин буда, ранҷу азоб ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли наврас ва мутахассисони муосир таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбори ҳаёт мебошад. Маҳз омӯзгор, қалби шогирдони азизро ҳар лаҳза шодоб сохта, зиндагӣ кардан, Ватанро дӯст доштан, эҷодкор ва эҳёгар будан, инчунин шинохти оламу одамгариро муомӯзонад.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия таъкид доштанд, ки хизматҳои собиқадорони кормандони соҳаи маориф дар ҷодаи тарбия намудани насли наврасон назаррас буда, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, дар ноҳия бо роҳбарии Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек пайваста аз шароити зисту зиндагонии собиқадорони ноҳия воқиф буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби ҳаёт тадбирҳои заруриро рӯи кор меоваранд.
Аёдатшуда дар навбати худ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳи доимӣ изҳори сипос намуда, ба корҳои минбаъда дар эъмори давлатдории навини миллӣ ба Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбӣ таманно намуда, баҳри пешрафту ободӣ ва пояндагии сулҳу осоиштагии кишвар дасти дуо бардошт.
Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқона ба собиқадори соҳаи маориф аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти двалатии ноҳия шириниҳои идона ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор тақдим гардид.



