ЗИНДАГИРО БАҲРИ МО ОМӮХТ ОМӮЗГОР! – АЁДАТИ ОМӮЗГОРИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ СОҲАИ МАОРИФ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ ОМӮЗГОРОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СОМОНИЁН

image_pdfimage_print

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати Рӯзи Забони давлатӣ ва иди омӯзгорон, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек собиқадори соҳаи маориф Тошева Назира истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияро аёдат намуданд.Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек зимни мулоқоти самимӣ бо собиқадори соҳаи маориф Тошева Назира изҳор доштанд, ки корномаҳои онҳо дар саҳифаи тиллоии таърих сабт гардида, пайваста ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбати чунин бонувони фидокор амалӣ мегардад.

Бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мақому манзалати омӯзгор сол аз сол боло меравад ва аз ин омӯзгорон илҳом гирифта, баҳри таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони баркамол меҳнати шабонарӯзӣ менамоянд. Бо ҳамин рафтору кирдори хеш, омӯзгорон дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф нақши калидӣ мебозанд.Таъкид шуд, ки ҳоло беш аз 80 фоизи кормандони соҳаи маорифи ноҳияро бонувон ташкил медиҳанд.Дар воқеъ, меҳнату заҳмат ва талошу кӯшиши омӯзгорон аст, ки мо ҳамагон дар ҷанбаҳои мухталифи фаъолият ва ҳаёти хеш муваффақ ҳастем. Бо меҳнати софдилона ва содиқонаи омӯзгорон ҳамагон аз беҳтарин неъмат – донишу илм бархӯрдор мегарданд.

Маҳз, бо фидокории омӯзгорон имрӯз аҳли башар соҳибдонишу соҳибфарҳанг аст ва дар ҳар кору пайкоре аз донишу хиради солим истифода мебаранд.Дар муассисаҳои таълимии ноҳия муаллимаю мураббияҳои азиз рисолати муқаддаси омӯзгорию тарбиятгарии худро бо маҳорату малакаи воло, бо муҳаббату самимияти бепоён иҷро намуда, ба насли наврас маърифату одамият меомӯзанд. Бояд қайд намуд, ки Тошева Назира 9 августи соли 1960 дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд шудааст. Номбурда пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти худро соли 1981 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 воқеъ дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия ҳамчун омӯзгори фанни забони русӣ оғоз намуда, зиёда аз 45 сол аст, ки фаъолияти пурсамар намуда истодааст.Соҳиби 5 фарзанд -2 писару (1писар шодравон) 3 духтар ва 12 нафар набера мебошад.

Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқона ба собиқадори соҳаи маориф аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон гулҳои тару тоза, шириниҳои идона ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тақдим гардид.

Аёдатшуда Тошева Назира аз дастгириву ғамҳориҳои доимии давлату ҳукумат хосатан аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу хушнудӣ намуда, барои тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва шукуфоии кишвар дуои нек намуд.